Абуабдулло рудаки буи чуи мулиен ояд хаме

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.

Банда 33 сол қабл аз ин ба муносибати як нашри тозаи осори устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо номи “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ё Боди ҷӯйи Мӯлиён” мақолае навишта дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп кунонда будам, ки дар ҷилди 4-уми ҳафтҷилдаи “Маҷмӯаи осор”-ам ҳам омадааст. Ҳоло ду ҷои он мақоларо, ки дар он оид ба кӯри модарзод будан ё набудани устод ва таъбири “бӯйи ҷӯйи Мӯлиён” сухан меравад, ки ҳоло ҳам баъзан мавриди баҳс қарор мегирад, мухтасаран ба дӯстон пешниҳод мекунам.

. Дар абадияти устод Рӯдакӣ ҷои шубҳа нест. Шоире, ки шеъраш дар тӯли ҳазор сол дар забони мардум будааст, яқинан ҷовидона хоҳад монд.

Аммо дар замони устод Рӯдакӣ ҳам касоне буданд, ки ё аз ҳасад, ё аз нофаҳмӣ ба қадри пояи баланди шеъри ӯ нарасидаанд. Яке аз ин гуна мисолҳо то замони мо ҳам расидааст, ки шеъри шоири ҳамзамон, вале ҳасуд, Абӯзироа, дар мазаммати устод Рӯдакӣ мебошад.

Шарофати устод Рӯдакӣ чунон бузург аст, ки номи мазамматкунанда ва ҳасудашро ҳам дар ҳазор сол зинда дошт. Ҳоло мақсади мо аз шеъри Абӯзироа дигар аст. Ӯ навишта буд:

Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,
Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.

Ҳазор як з- он, к- ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.

Дар масъалаи кӯри модарзод ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ минбаъд кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ мубоҳисаи дуру дароз ҳаст. Ҷонибдорони ҳар ду тахмин ҳам дар байни тадқиқотчиёни аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ бисёранд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳ, агар барои тақвияти тахмини худ аз маъхазҳои ҳар қадар қадим санад ёбад, онро ҳамон қадар мӯътамад ва асли воқеа ба қалам медиҳад. Ин, бешубҳа, кори дуруст аст. Аммо, дар айни ҳол, ба назари ман, аз ин шеъри Абӯзироа, ки ҳамзамони устод Рӯдакӣ ва аз ҳоли вай огоҳ будааст, маъхази қадимтаре нест. Ин шеър санади қадимтарин ва бурҳони қотеъ аст дар масъалаи муайян кардани кӯри модарзод будан ва ё ҷабран кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ.

Читайте также:  Сколько стоят номера с буквой хам

Аммо. ҳамаи онҳое, ки ин шеъри Абӯзироаро барои тасдиқи кӯри модарзод будани Рӯдакӣ овардаанд, аз маънои мисраи чаҳоруми шеър сарфи назар ва ё онро нодурст маънидод кардаанд. Абӯзироа дар байти дуюми ин шеър гуфтааст:

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.

Шоири ҳасуд, агар дар мисраи аввали ин байт гетиро ба ду маъно истифода карда, ҳам ба олами маънавӣ ва ҳам ба молу сарват расидани устод Рӯдакиро таъкид карда бошад, дар мисраи дуюм барои он мазаммат мекунад, ки ӯ гӯё барои гетӣ, яъне молу сарват аз чашм ҷудо шудааст. Ин таъна ба он далолат мекунад, ки устод Рӯдакӣ дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуда, ҳаргиз кӯри модарзод набудааст.

Аз овардани ин шеъри Абӯзироа ду мақсад буд, ки аввалаш баён шуд ва дуюмаш он аст, ки дар таъйин кардани асли воқеа на фақат дар маъхазҳои ҷинси луғат, тазкира, таърих ва ғайра, балки дар худи шеър ҳам маълумотҳои дақиқ ва бурҳонҳои раднопазир ҳастанд.

Акнун дар бораи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён».

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Дар хусуси шаклҳои гуногуни ин байт, ки аз асри 12 то замони мо дар тазкира, баёту маъхазҳои гуногун омадаанд, мақолаи махсуси Ҷамшед Гиунашвили («Як байти устод Рӯдакӣ», дар журнали «Садои Шарқ», 1983, №9 саҳ. 120-124) ба табъ расида ва ӯ таҳриреро, ки дар нашри тоза овардаанд, (яъне “боди ҷӯйи Мӯлиён”-ро) чун шакли дурусти ин байт пешниҳод карда буд. Аммо маро далелҳои мақолаи Ҷ. Гиунашвили қаноатманд намекунанд. Ҷ. Гиунашвили навиштааст: «Дар замони мо ҳангоми хондани таҳрири бӯи ҷӯи Мӯлиён» ба сабаби шакли марғуб ва оҳанги хуби шеър шояд нуқси маъноие, ки мо зикр кардем (яъне шоир аз масофаи хеле дур ба амири худ бӯи ҷӯи Мӯлиён меояд намегуфт – А. Ҳ.), аз ҷониби тоҷикон ва форсҳо ҳис карда нашавад ва аз ин рӯ шояд ин нуқс ба чашми соҳибони забон барнахӯрад. Вале ҳангоми тарҷумаи ин шеър ба забонҳои ғайр, вақте ки матн бадеияти марғуби забони аслро аз даст медиҳад, ҷанбаи маонии шеър аҳамияти дараҷаи аввал касб мекунад. Маҳз дар ҳамин маврид аксари мутарҷимон ба вазъияти душвор меафтанд. Аввалан, худи Ҷ. Гиунашвили менависад, ки «бо сабаби шакли марғуб ва оҳанги хуби шеър шояд нуқси маъноӣ… аз ҷониби тоҷикон ва форсҳо ҳис карда нашавад ва аз ин рӯ шояд ин нуқс ба чашми соҳибони забон барнахӯрад». Асли масъала маҳз дар ҳамин аст, вақте нуқс, ҳол он ки дар ин ҷо нуқс нест, ба чашми соҳибони забон барнамехӯрад, онро чӣ сон метавон нуқс гуфт, он ҳусн аст. Шеърро ба забони модарӣ ва барои соҳибони забон менависанд, на барои тарҷумонҳо. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳунари тарҷумон дар он зоҳир мешавад, ки ӯ аз захираи забони худ истифода карда, таъсир ва ҷаззобиятеро, ки шеър дар забони аслаш дорад, барои хонандагони забони худ ҳам ҳосил кунонад.

Соҳиби забони тоҷикӣ, ҳатто оне, ки маълумоти махсуси забон надорад, ҳаргиз боди ҷӯ намегӯяд, зеро ӯ савқан ва сареҳан ҳис мекунад, ки бод дар нисбати ҷӯ бузургтар, фарохтар, тундтар аст ва ба ҷӯ мувофиқат намекунад. Инро ҳатто худи забон ҳис карда, ҳангоми зарурат барои нармтар кардани бод ба он аз қабили сабо, форам сифатҳо дода, таркибҳои боди сабо, боди форамро барои ифодаи мақсади зарурӣ муҳайё кардааст, на фақат бод ҳатто насим, ки аз бод тобиши маъноии хеле нармтар дорад, барои ҷӯй дуруштӣ мекунад ва аз ин рӯ аз насими ҷӯй гуфтан насими ҷӯйборон гуфтан услубан сареҳтар аст. Бинобар, мавриде, ки устод Рӯдакӣ нисбат ба ҷӯй ба ҷои бод ва ё калимаҳои дигар бӯйро оварда, бӯи ҷӯ гуфтааст, мавриди зоҳир шудани савқи модарзоди суханшиносии ӯст.

Як қиёси дигар меорам. Боди ҷӯ гуфтан мумкин нест, зеро номутаносиб ва гӯшхарош аст, аммо накҳати ҷӯ гуфтан мақбул аст, пас чӣ эътироз аст нисбат ба бӯи ҷӯ? Ба замми ин, таъбири бӯи ҷӯ дар забони халқ маъмул аст ва ниҳоят ҷӯй фақат ҷадвал, хонаи об нест, дар он даҳҳо навъи гулу гиёҳ мерӯяд, ки аз онҳо бӯйҳои гуворо мерасад. Ва ниҳоят нуктаи аз ҳама муҳим: дар ин байти устод Рӯдакӣ, бӯи ҷӯ на фақат бӯи ҷӯи Мӯлиён аст, балки бештар ва пештар аз ҳама бӯи ватан, зодгоҳ аст, ва маҳз дар ҳамин аст, сабаби пас аз хондани ин шеър дар дили мо пайдо шудани он ҳиссиёти гарм, ки маҳсули муҳаббати ширину дардомези гуворо ба ватан аст.

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. –

бисёр навиштаанд, ки ман дигар таъкид ва такрори онро ҳоҷат намебинам, вале мегӯям, дар қиёс таҳрири дигари он, ки пешниҳод шудааст:

Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

байтест, ки дар он аз эъҷоз ва афсуни байти боло хеле чиз коста шудааст.

Агар ба назари касе ҳамаи ин далелҳо нокифоя намояд, пас ба худи устод Рӯдакӣ рӯ меоварам, ки гуфтааст:

Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.

Вақте ки мо дар ин шеър аз оби ҷӯй омадани бӯи гулобро қабул дорем, пас чӣ ҷои баҳсу талош аст, аз бӯи ҷӯ? Ин масъала ба мадади худи устод Рӯдакӣ ҳал шуд.

Бинобар ҳамин ҳам, ба қавли Ҳофиз:

Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме.

Аскар Ҳаким,
Шоири халқии Тоҷикистон

Источник статьи: http://kmt.tj/ba-iftihori-ruzi-rudaki-bui-chui-muliyon-oyad-khame

Афсона ва ҳақиқати «Буи ҷуи Мулиён» Текст научной статьи по специальности « История и археология»

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Ходизода Р.

Imagination and Truth as to the Kasyda The Wind Blows from Mulyon R.Hodizoda Key words: Kasyda The Wind Blows from Mulyon, N.Samarkandi’s book Four conversations, Years of realm, hypothesis, arguments, viewpoint Out of the existing Rudaki’s poems, his Kasyda The Wind Blows from Mulyon is especially cherished and famous among all the Persian speaking readers. It is read by the youth and elders, and sung being accompanied by various music. The title of this Kasyda is closely connected with Nisomi Aruzi Samarkandi’s book Four Conversations. As N.A.Samarkandi sees it, the reason for composing the Kasyda was Nasr ibni Ahmad’s travel to Hirot and his stay there for four years. The article proves with convincing arguments that the data given in N.A.Samarkandi’s Four Conversations are false and groundless because Nasr ibni Ahmad never visited Hirot in the years of his governance. Having analyzed the information stated in the sources on history and literature, such as Hamidulloh Mustaufi’s Taarikhy guzida (complete history), Jomi’s Bahoriston (Springtide), Davlatshoh’s Taskirat-ul-shuoaro (Reminiscences about Poets) and the ideas expressed by modern researchers the dedicated author of the article puts forward a hypothesis that Abuabdulloh Rudaki dedicated his Kasyda The Wind Blows from Mulyon to king Mokon ibni Koki (died in 940). Mokon ibni Koki was one of the Kings of Dailam, who had served for Nasr ibni Ahmad for several years. As a proof to his hypothesis the author of the article has brought a number of interesting and convincing arguments. The article also presents the author’s viewpoint concerning the volume of The Wind Blows from Mulyon.

Похожие темы научных работ по истории и археологии , автор научной работы — Ходизода Р.

Текст научной работы на тему «Афсона ва ҳақиқати «Буи ҷуи Мулиён»»

ФИЛОЛОГИЯИ ТОЧ.ИК ТАДЖИКСКАЯ ФИЛОЛОГИЯ

Вожа[ои калидй: Рудакй, цасида, «Буи Цуи Мулиён», Наср ибни А[мад, Мок они Кокй

Дар миёни осори бозмондаи Рудакй гуфтан метавон гасидаи шоир бо матлаи

Буи Чу и Мулиён ояд [аме, Ёди ёри ме[рубон ояд [аме шу[рату маъруфияти хоссае дорад. К,ариб дар [амаи маохизи адабию таърихй муаллифон аз ин гасидаю сабаби иншои он нацлу ривоят[ои мухталиф овардаанд. Имруз [ам дар ватани шоир — дар Тохикистон ин гасида аз маъруфтарин ва ма[буб-тарин шеър[ост, ки онро хурду калон мехонанд, дар парда[ои рангоранги мусицй месароянд ва гуфтан мумкин аст, ин шеър дар диёри тохикон шиносномаи шоир аст.

Шу[рати гасидаи «Буи Ч,уи Мулиён» аз гарни 12 м. (6 [.) шуруъ шудаю ин шу[рат мавцуф ба китоби Низомии Арузии Самаргандй бо номи «Ча[ор мацола» аст, ки дар [удуди соли 550 [. (1156 м.), яъне тацрибан пас аз дусаду бист соли даргузашти Рудакй таълиф шудааст. Низомии Арузй дар бораи Рудакй шар[и мухтасаре бад-ин мазмун зикр мекунад: . Он ицбол, ки Рудакй дар Оли Сомон дид ба баде[а гуфтан ва зудшеърй, кас нади-дааст» ва [икояте дар сабаби иншои гасидаи «Буи Ч,уи Мулиён» нагл мекунад, ки он мухтасаран ба ин гарор аст:

«Овардаанд, ки Наср ибни А[мад, ки воситаи ицди Оли Со-

мон буд. . ..зимистон ба доpулмулки Бухоpо мегузаpонд ва тобистон ба Самаprанд pафтй ё ба ша^е аз ша^[ои Хуpосон, магаp як сол навбати Хдой буд. Ба фасли бах^ ба Бодиис буд, ки Бодиис хуppамтаpин чаpохуp[ои Хуpосон ва ^оц аст. Чун сутуpон ба[оp некё бихypданд ва шоистаи майдони ^p6 шуданд, Насp ибни А[мад py ба Хдой ни[од ва ба даpи ша^ ба МаpFи Сапед фуpуд омад ва лашкаpго[ бизад. Ва ба[оpго[ буд, шамол pавон шуд ва мева[ои Молину Kаpух даppасид, ки амсоли он даp бисёp хой[о ба даст нашавад. ва чун мех^гон даpомад ва асиp даppасид. инсоф аз наими хавонй бистаданд ва дод аз унфувони шабоб бидоданд. . Ме^гон деp кашиду саpмо гувват накаpд ва ангуp даp иояти шиpинй. Ва даp саводи Хдой саду бист лавн ангуp ёфта шавад ^p як аз дигаpе латифтаp ва лазизтаp. Зимистон он хо мацом каpданд. Чун ба[оp даpомад асбон ба Бодиис фиpистоданд. ва чун тобистон даpомад, мева[о даppасид, амиp Насp ибни А[мад гуфт: « Тобистон кухо pавем, ки аз ин хуштаp мацомго[ набошад, ме^гон биpавем». Ва чун ме^гон даpомад, гуфт: «Ме^гони X1аpй бихуpему биpавем». Ва [амчунон фасле ба фасле [амеандохт, то ча[оp сол баp ин баpомад. Ва даpбоpиён [ама малёл гаштанд ва оpзуи хонумон баpхост. . Пас саpони лашкаp ва ме[таpони мулк ба наздики устод Aбyабдулло[ аp-Рyдакй pафтанд ва аз нудамои подшо[ [еч кас мy[ташамтаp ва маrбулулrавлтаp аз y набуд аз y набуд. Гуфтанд: «Arap санъате бикунй, ки подшо[ аз ин хок [аpакат кунад, ки дил[ои мо оpзуи фаpзанд [амебаpад ва хони мо аз иштиё^и Бухоpо [амебаpояд». Рyдакй габул каpд, ки набзи амиp бигpифта буд ва мизохи y бишнохта. Донист, ки ба насp ба y даpнагиpад, pyй ба назм оваpд ва гасидае бигуфт ва вацте ки амиp сабy[ каpда буд, даpомад ва ба хои хеш биншаст ва чун мутpибон фуpy доштанд, y чанг баpгиpифт ва даp паpдаи Ушшог ин гасида оиоз каpд:

Буи Чу и Мулиён ояд [аме, Ёди ёри ме[рубон ояд [аме. Пас фурутар шаваду гуяд :

Реги Омую дурушти ро[и у, Зери поям парниён ояд [аме. Оби Чай[ун аз нишоти руи дуст, Хинги моро то миён ояд [аме.

Эй Буxopo, шйд болу дер зй, Мир зй ту шoдмoн oяд [aме. Мир мo[ aсту Буxopo oсмoн, Mo[ суи oсмoн йяд [aме. Мир сapв acr Буxopo бyстoн, Сapв суи бycтoн oяд [aме.

Чун Рyдaкй бaд-ин бaйт paсид, aмиp чунон мyнфaил гашт, ки a3 TaxT фypyд омaд Ba бе My3a пой дap pикоби хинги нaвбaтй овapд Ba py 6a Бyxоpо ни[од.Чунонки pонинy My3a то ду фapсaнг дap пaи aмиp бypдaнд. Ba он хо дap пой кapд Ba инон то Бyxоpо [еч боз нaгpифт. Ba aл[ar ^нуз ин racидapо Kace xaвоб нaгyф-тaacт. Ba a3 aзбгyён Ba лaтифтaбъони AxaM яке a3 aмиpyшшyapо Муиззй буд, ки (дap xaвоби ин racидa) чaнд бaйт бигуфт, ки як бaйт a3 он[о ин acr:

Pуcтaм as Moзaндapoн oяд [aме,, Зaйнмулук a Иcфa[oн o яд [aме.

Офapину мaд[ суд oяд [aме,, Гр 6a гну aндap зиён oяд[aме.

Ba [ap устоде, ки ypо дap илму шeъp тaбa[[ype acт, чун aндaк тaфaккyp кyнaд, донaд, ки мaн дap ин мycибaм в-accaлом» (1, 389-392) .

Ин [икояти Низомии Apyзй [apчaнд бa мaъxaзe acоc нa-ёфтaacт, aммо дap нaзapи aввaл хеле эътимодбaxш мeнaмояд Ba a^ap мyaллифони тaзкиpa[ои бaъдй, ки a3 a[волy оcоpи Рyдaкй иттилоъ додaaнд, a3 ин [икоят бо aндaкe тaFЙиpот нarлe овapдa-aнд. A3 xyмлa ^мдулло[и Мycтaвфй дap «Тaъpиxи гyзидa» (соли тaълиф 730[./1330м.) овapдaacт: «(Aмиp Нacp) бaъд a3 мyддaтe бa тaмошои Хдоот paфт, дap нaзapaш хуш омaд. Он хо фypy кaшид, aмиpони ypо [aвои зaнy бaччa буд. Aмиp Нacp нa aзми Бyxоpо кapдй Ba нa aмиpонpо дacтypй додй, ки бa xонa paвaнд ё зaнy бaччa бa Хдоот овapaнд.

Боди Чу и Мулиён ояд [аме Буи ёри ме[рубон ояд [аме»»

Боди Чу и Мулиён ояд [аме Буи ёри ме[рубон ояд [аме.

Чунон даp нафси вай таъсиp каpд, ки бо шиццаи хос ва кафш савоp шуд ва як манзил биpафт. Ва даp баъзе тавоpих ин [икоятpо ба султон Санxаp ва Муиззй нисбат каpдаанд, в-ал-Ло[у аълам (1,398-399). Чунонки мебинем Ч,омй [амоно аз [икоёти Низомии Apyзй бехабаp будааст, ки [икояти иншои «Буи Ч,уи Мулиён»-pо бо мазмуни мутафовит аз «Ча[оp мацола» оваpдааст.

Му[агги^он ва пажу[андагони а[вол ва осоpи Рудакй аз rаpни 19 то имpyз [икояти «Ча[оp маrола»-pо бе чуну чаpо ва билошак габул каpданд ва даp натиха коp ба хое pасид, ки даp достон ва намоишнома[ое, ки даp Тохикистон ба муносибати хашн[ои 1100 ва 1150 — солагии Aбyабдулло[и Рудакй навишта шуд, ин [икоят, чун [а^и^ати таъpихй тасвиp ва ба а[ли хомеа тагдим гаpдид. Даp ин хода, гадами аввалинpо адиб ва нави-сандаи шодpавон Улуизода гузошта буд. Даp намоишнома ва филмномае, ки ба номи «Саpнавишти шоиp» таълиф шуда буд, [икояти «Ча[оp ма^ола»-и Низомии Apyзй аз воцеа[ои асосии таъpихй галамдод шудааст.

Ин хониб низ соли 1958 достоне навишта будам, ба номи «Буи Хуи Мулиён» даp асоси pивояти Низомии Apyзй даp «Ча[оp мацола». Aммо [адафи ман даp тасвиpи во^еаи X1иpот нишон до-

дaни бyзypгии Рyдaкй буд, ки шeъpи y болотap a3 фapмон Ba дacтyp[ои aмиpон xойго[ дошт (4, 3-21).

Дap чaндe a3 мarолa[оe, ки сол[ои оxиp дap pyдaкишиноcй бa чоп pacид, дap мaшкyкият acолaти воreaи Хдоот aндeшa[оe бa нaзap мepacид. Шодpaвон Сaид Нaфиcй, ки ин [икоятpо a3 «Чa[оp мarолa» мyфaccaл Ha^ нaмyдaacт, дap китоби худ Ha-виштa буд: Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Источник статьи: http://cyberleninka.ru/article/n/afsona-va-a-i-ati-bui-ui-muliyon

Оцените статью
Про баню