Аз хама нохияи калонтарини точикистон

Нохияхои Точикистон

Дар Тоҷикистон иборат аз 62 ноҳия ва дар дохили онҳо 17 шаҳр мавҷуд аст, аз ҷумла аз ҳама калонтарини онҳо ноҳияи Мурғоб вале бо аҳолии аз ҳама камтарин. Ноҳияи Сераҳолитарини ноҳия Тоҷикистон ин Рудакӣ мебошад ва у аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва ҳам боду ҳаво ва заминҳои корам ва дигар унсурҳо хело бартарият нисбат ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дорад.

Номгуи нохия Масохат (Га.) Ахоли. (2015г.)
Шахри ДУШАНБЕ
Нохияи Сино 3 894 351,1
Исмоили Сомони 3 256 319,6
Фирдавси 3 150 214,5
Маркази 2 359 198,3
Хамаги 12 659 1 083,5
ВИЛОЯТИ ХАТЛОНСКАЯ
Кургонтепа 26 458 101,9
Кулоб 27 562 200,4
Н. Хусрав 81 109 33,6
Бохтар 57 893 241,3
Вахш 96 511 176,9
Ёвон 93 185 198,4
Кубадиян 184 763 164,0
Джаллолидини Балхи 90 502 174,8
Дайхун (Кумсангир) 96 715 122,3
Норак ( ш.) 39 773 26,8
Панч 88 067 103,5
Сарбанд (ш.) 13 986 27,6
А. Чоми 59 649 150,2
Шахритуз 152 537 112,4
Хуросон 89 613 101,8
Дусти (Чилликул) 123 619 99,3
Дангара 198 610 135,7
Балчувон 132 662 28,2
Восеъ 76 592 196,8
Хамадони 50 979 136,8
Муъминабод 92 051 85,8
Темурмалик 101 355 64,9
Фархор 118 311 152,0
Ховалинг 173 784 53,9
Шамсиддин Шохин (Шураабад) 228 397 50,2
Хамаги 2 494 683 2938,7
НТЧ
Варзоб 163 133 72,5
Рашт (Гарм) 461 260 109,2
Нуробад 92 797 72,8
Вахдат (ш.) 367 400 310,4
Рудаки 181 187 437,5
Рогун (ш.) 50 679 25,3
Сангвор (Тавилдара) 597 384 21,5
Точикобод 73 437 41,5
Турсунзоде (ш.) 245 965 267,9
Файзобод 87 411 91,2
Хиссор (г) 97 514 270,5
Шахринав 100 696 106,8
Ляхш (Чиргатол) 458 011 61,1
ВСЕГО: 2 976 874 1888,0
ВМКБ
Вяндж 443 047 33,9
Ишкашим 365 606 32,9
Мургаб 3 844 221 15,0
Рошткала 426 273 27,0
Дарваз 282 454 23,3
Рушон 587 070 26,2
Шугнан 456 548 38,0
Хоруг (ш.) 2 310 30,8
Хамаги: 6 407 529 226,9
СУГД
Айни 515 820 79,2
Ашт 279 001 149,9
Деваштич (Гончи) 158 870 153,5
Зафаробад 44 097 66,9
Исфара (ш.) 83 594 208,0
Конибодом (ш.) 82 894 148,9
Масчохи Кухи 368 305 23,2
Спитамен (Нов) 35 575 128,3
Мастча 102 923 112,2
Панчакент (ш.) 367 133 229,7
Чаббор Расулов 32 141 125,4
Истаравшан (ш.) 68 746 185,8
Шахристан 114 263 38,4
Б. Гафуров 264 174 349,9
Худжанд (г.) 1 524 247,5
Табашар (г.) 825 27,5
Гулистон (Кайракум) (г.) 568 49,5
Бустон (Чкаловск) (г.) 423 25,3
Хамаги сугд: 2 520 876 2349,1
ЧАМЪ дар Кишвар 14 412 621 8 486
Читайте также:  Снип устройство оборудование бань

Тақсимоти маъмурӣ – ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 таҳти № 101 «Дар бораи ҳалли масъалаҳои сохтори маъмурӣ – ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.

Мувофиқи қонуни мазкур, қисмҳои маъмурию ҳудудӣ ва мавзеъҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд;

Ноҳияҳое, ки ба деҳот ва шаҳр тақсим мешаванд, метавонанд дар тобеияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё ин, ки шаҳрӣ бошанд. Мавзеъҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр ва деҳот тақсим карда мешаванд.

Ба ҷойҳои аҳолинишини шаҳр, шањрњо ва шаҳракҳо, инчунин деҳот – деҳаҳо (қишлоқҳо) новобаста аз тобеияти маъмуриашон дохил мешаванд. Шаҳрҳо метавонанд тобеияти ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ дошта бошанд. Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва Хатлон, 17 шаҳр, 52 ноҳия (аз он ҷумла 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоати деҳот иборат аст.

Моҳи феврали соли 2016 як қатор ноҳияҳо номи худро иваз намуданд, аз ҷумла:

Маркази ноҳияи Ҳисор – шахри Ҳисор; ноҳияи Тавилдара ба номи ноҳияи Сангвор; ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Ляхш, нохияи Ҷалолиддини Румӣ – нохияи Ҷалолиддини Балхӣ; нохияи Ҷиликўл – нохияи Дўстӣ; ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун; ноҳияи Шуробод – нохияи Шамсиддини Шоҳин; шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон; шаҳри Чкаловск – шаҳри Бўстон; ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич; обанбори Қайроққум – обанбори Баҳри тоҷик.

Источник статьи: http://life.ansor.info/tj/nohiyahoi_tojikiston/

Вилоятхои Точикистон

Харитаи Вилоятхои Точикистон

Тоҷикистон ба 3 – вилоят, аз ҷумла: Вилояти Хатлон, Вилояти Суғд, ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) тақсим шуда дар қатори онҳо инчунин Ноҳияиҳои Тобеи Ҷумҳур ҳамчун минтақаи мустақили маъмурӣ низ мавҷуд мебошад.

Аз нигоҳи шумораи аҳолӣ Вилояти Хатлон аз ҳама пешқадам буда вале аз ҷиҳати масоҳат калонтарин Вилояти Мухтори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) мебошад. Шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда аз нигоҳи маъмурӣ ба минтақаи Ноҳияҳои Тобеи Ҷумҳур дохил аст.

Дар таърих тақсимоти маъмурии вилоятӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бори аввал 27-уми октябри соли 1939 расман ба вуқуъ пайвастааст ва он замонҳо Вилоятҳои: Ғарм, Кӯлоб, Ленинобод ва Сталинобод ташкил карда шуда буданд.

Вилояти Хатлон:

Вилояти Хатлон (шакли ихтисоршудааш Хатлон) – яке аз ҳама сераҳолитарин, заминҳои обёришавандатарин, гармтарини вилояти Тоҷикистон буда дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон қарор дорад ва аҳолиаш зиёда аз 3 млн. нафар (2016с.) буда 35% шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Вилояти Хатлон расман 2-юми декабри соли 1992 ташкил ёфтааст ва маркази маъмурии он шаҳри Қурғонтеппа мебошад. Дар тобеи худ Вилояти Хатлон 5-шаҳр ва 19 ноҳияро соҳиб аст, аз ҷумла: ш. Қурғонтепа, ш. Кӯлоб, ш. Ёвон, ш. Норак, ш. Сарбанд, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восеъ, Данғара, Қабодиён, Колхозобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Қумсангир, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритуз ва Шӯрообод.

Таносуби қиёсии халқи тоҷик дар шумораи умумии аҳолии вилояти Хатлон қариб 80%-ро ташкил медиҳад ва баъдан мавқеи халқи узбек ба назар мерасад.

Иқтисодиёти вилояти Хатлон асосан аз кишоварзӣ сахт вобастагӣ ва бартарият дорад. Масоҳати 338 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон маҳз дар минтақаи Хатлон мебошанд, ки ин 45%-и масоҳати умумии ин намуди заминҳои кишвар аст. Масоҳати заминҳои лалмӣ 2,12 млн. гектарро ташкил карда боғот зиёда аз 22,5 ҳазор га., ангурзор 8,2 ҳазор, дашт 1,2млн., манзилӣ 16,9 ҳаз., ниҳолпарварӣ 400 га мебошанд.

Вилояти Хатлон бо пахтаи худ, тарбуз, харбуза, анор, цемент ва помидору бодаринги барвақтпази худ хело дар ҷумҳурӣ машҳур мебошад. Бояд гуфт, ки дар вилояти Хатлон қариб 99%-и барқи ҷумҳурӣ тавлид шуда аз ҷиҳати иқтисоди маблағ ва аз нигоҳи стратегӣ хело мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон ноҳияи Восеъ ва худи маркази вилоят- шаҳри Қурғонтепа хело куҳан буда таърихи зиёда аз ҳазорсолаи маданиятиву тамадуниро соҳиб аст. Барои саёҳону беморон мавзеи Чилучорчашма ва барои диндорон оромгоҳҳои бузургон дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб мавҷуданд, ки тавсия барои зиёрат намудан дода мешавад.

Вилояти Сугд

Вилояти Суғд (шакли ихтисоршудааш: Суғд) – аз ҳама тараққикардатарин аз ҷиҳати иқтисодиёт, маданият ва инфрасохтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар қисмати шимолии кишвар ҷойгир аст. Шумораи аҳолии Суғд зиёда аз 2,4 млн. нафар буда тақрибан 35% шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Вилояти Суғд расман 10-уми ноябри соли 2000-ум ташкил ёфта қабл аз ин ҳамчун Вилояти Ленинобод ном дошт. Маркази маъмуриаш шаҳри Хуҷанд мебошад ва дар худ 8-шаҳру 10 ноҳияро таҷассум дорад аз ҷумла: шаҳрҳои Хӯҷанд, Қайроқум, Табошар, Чкалов, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Айнӣ Ашт, Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳи Кӯхӣ, Спитамен, Мастчо, Ҷааббор Расулов, Б. Ғафуров.

Заминҳои обёришавандаи вилояти Суғд ҳамагӣ 286 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд ки ин 38% заминҳои ҳамин гунаи кишвар мебошанд. Заминҳои лалмӣ бошанд 2,2 млн гектар буда, боғот 51 ҳазор га., токзор 11 ҳазор., дашт 787 ҳазор., манзилӣ 10,8 ҳазор., наздиҳавлигӣ 57 ҳаз., ва ниҳолпарварӣ 60 га. мебошанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

ГБАО

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шакли ихтисоршудааш «ВМКБ») – аз ҳама серкуҳтарин, хунуктарин, камзаминтарин, калонтарин ва сусттараққикардатарин вилояти Тоҷикистон мебошад ва дар кисмати шаркии кишвар чойгир аст. Шумораи аҳолии вилояти МКБ зиёда аз 230 ҳаз. нафар буда ҳамагӣ 2,7 фоизи аҳолии кишварро ташкил менамояд.

ВМКБ расман 2-юми январи 1925 ташкил ёфта маркази маъмуриаш шаҳри Хоруғ мебошад. Дар ҳудудӣ ВМКБ, 7 ноҳия ва 1 шаҳр мавҷуд аст аз ҷумла шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Дарвоз Рӯшон ва Шуғнон.

Заминҳои корами обёришавандаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамагӣ 17,7 ҳазор гектар буда баробари 2,7%-и заминҳои обёришавандаи кишварро ташкил медиҳад. Заминҳои лалмӣ 6,4 млн. гектарро ташкил дода боғот 1,1 ҳаз. га., токзор 1 ҳазор, дашти алафзор 757 ҳазор га., манзилӣ 1,2 ҳаз., наздиҳавлигӣ 4,7 ҳазор., ва ниҳолӣ 50 гектар мебошанд. Иқтисодиёти кишвар дар соҳаи кишоварзи ва бахусус чорводорӣ нигаронида шудааст.

Вилояти Мухтори Куҳисбони Бадахшон бо баландкӯҳиҳои худ, шеваву забонҳои гуногуни худ, шоҳроҳи пайвандкунандаи Тоҷикистону Хитой, осоишгоҳи Гармчашма, Кӯлҳои бузург, сангҳои қимматбаҳо ва мардуми санъаткори худ маъруф аст.

Ноҳияҳои Тоъбеи Ҷумҳур ё худ шакли кутоҳаш «НТҶ» – ин як гуруҳ ноҳияву шаҳрҳои кишвар, ки дар минтақаи марказии ҷуғрофии Тоҷикистон қарор дорад. НТҶ иборат аз 13 ноҳия, ки дар онҳо 4 шаҳр мавҷуданд аз ҷумла: Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва Ваҳдат мавҷуданд. Шумораи аҳолӣ 1,9 млн. нафар буда масоҳати ин минтақа 29,8 ҳазор километри квадратиро ташкил дод. Расман 29-уми марти соли 1932 ташаккул ёфтааст ва ваколати идоракунии минтақавиро доро нест.

НТЧ дар ғарб бо вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон, аз шарқ бо Қирғизистону ВМКБ, аз ҷануб бо вилояти Хатлон ва аз шимол бо вилояти Суғд ҳамсарҳад мебошад.

НТҶ инчунин НТМ (Ноҳияҳои Тоъбеи Марказ) низ меноманд ва ӯро ба ду қисмат аз ҷумла:

  • Минтақаи Рашт: ноҳияҳои Роғун, Ғарм, Тавилдара, Тоҷикобод, Нуробод ва Ҷиргатол мебошанд ва ба гуруҳи ноҳияҳои баландкуҳи кишвар маҳсуб медонанд.
  • Ноҳияҳои водии Ҳисор: Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Файзобод. Ин гуруҳи ноҳияҳо хело обод ва заминҳои хуб барои соҳаи кишоварзӣ доранд.

Таърихи вилоятҳои Тоҷикистон:

Соли 1944 аз сохтори вилояти Кӯлоб ва вилояти Сталинобод, Вилояти Қурғонтеппа ташаккул карда шудааст. Соли 1945 бошад аз Вилояти Ленинобод ба 2 гуруҳ тақсим карда шуда яке номи Вилояти Ӯротеппа ва дигаре Вилояти Ленинобод ном гирифт.

Соли 1947 шумораи вилоятҳо боз баргашта ихтисор шуданд ки ҳамоно 2-3 сол пеш қабл ташаккул ёфта буданд, аз ҷумла Вилояти Қурғонтеппа ва Вилояти Ӯротеппа аз байн рафтанд. Соли 1951 бошад вилояти Сталинобод аз байн рафт. Соли 1955 вилояти Кӯлоб ва Вилояти Ғарм аз байн рафтанд. Вилояти Ленинобод соли 1962 аз байн рафт. Бо ҳамин роҳ тақсимоти вилояти пурра аз байн рафт.

Баъди гузашти 8-сол боз дар соли 1970 тақсимоти вилоятӣ оғоз ёфт ва Вилояти Ленинобод худи ҳамон сол ташкил ёфта баъди 3 сол вилояти Кӯлоб (1973) ва Қурғонтеппа дар соли 1976 ифтитоҳ ёфтанд.

Соли 1988 вилояти Кӯлоб ва вилояти Қурғонтеппа мутаҳҳид карда шуданд ва номаш Вилояти Хатлон гардид. Лек соли 1991 боз вилояти Хатлон пароканда карда шуда ба ду вилоят мисли пештара баргардонида шуданд.

Баъди соҳибистиқлолии кишвар соли 1992 Вилояти Хатлон барқарор карда шуд ва номи Виляти Ленинобод иваз карда шуда ба Вилояти Суғд мубаддал гардонида шуд.

Источник статьи: http://life.ansor.info/tj/viloyathoi_tojikiston/

Оцените статью
Про баню