Замин хам модари мост иншо

ҚАДРИ МОДАР

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳон нататавон баркашид.
«Двр ду ҷаҳон он надид рўи хуш»,
Теғаи нигаҳ ҳар ки ба рўяш кашид.

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти бека-нор,чашма мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбиаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ,бедорхобӣ пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватан дўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти ав-валини ҳаёти мост. Ба зери болини кўдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:
Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба маъни Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғўши гарми модар қимати ўро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст.Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар…
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида мета-
вонем. Гоҳ дар дарёи пуршўри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ мерогему модарро фаромўш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушацмон гашта,ўро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзан фоҷиаи хеле гарон аст:

Модар модар каси бе ҳимат бошад,
Дидори шарафи ў ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигирад арзонӣ,
Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимит бошад.

Бешубҳа,такя дар паҳлўи модар,хоб
дар зонуи модар шоҳбайти китоби
хотираҳои зиндагист:

Такя дар паҳлўи модарҷон,ғанимат
будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат
будааст.

Оре, давлати фазанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ўро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст.Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ўро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шўҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост:

Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз савту зи шўрат гар бар фалак
занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши
пои модар.

Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садо-қати беканор,ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.

Источник статьи: http://univer.tj/insho/%D2%9Badri-modar/

Зан-модар тоҷи офариниш

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.
Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар меояд, аз чашмони у, аз тамоми хастии вай нур меборад. Ин нур рохи ояндаи хаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи хаёту мамот буда,аз хама кимматтарину азизтарин шахс дар олами хасти мебошад. Мехри бехамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишки поки модар ба мисоли чашмахои пурчушест,ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.
Модар! Зимни ин панч харф чи кадар мехру мухаббат, хушгуфторию хушрафтори, бузургиву мучассамаи хоксори нихон аст. Дар олам мукаддастар аз модар мавчудоте нест. Оре, тамоми хастии вучуди мо аз модар аст, махз бо туфайли чонкохонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин чост, ки мо уро мукаддас мешуморему дар лахзахои душвортарин номашро ба забон мегирему мегуем: Модар! Модарчон! Мехру мухаббати самими модар ва шабзиндадорихои модар-ин хамаро бо хеч чиз баробар натавон кард. Модар хаст,ки мо хастем. Кист он кассе, ки
суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди у бахра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи хаёти инсон хасти ва хаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонхои чахон якхел оханги навозишкорона дорад. Сини инсон чанде ки набошад, хох 5 хох 50, барои у модар-навозишу нигохи вай зарур аст. Ва хар кадаре,ки мухаббати касс ба модарзиёд бошад, хаёт хамон кадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту хеч бахоре зебо ва хеч тирамохе пурфайз нахохад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне хасти,ки рохи фарзандатро равшан месози.
Модарам ту ягона вучудаму рафикам, эхсону дастгирам дар парешонхолию шарикам дар гаму андух, лаззатам дар хаёту рохатам дар мамот, ту табассуми хаётбахши сари гахвораю суруди чахонгири сахаргохам. Ту худ чон ба каф гирифта, маро ба дунё оварди, хаммаслаки ситорахо гардида, дар сари гахвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шуди, бо чашмони хастаат бониям кардию бод или афсудаат химояаам.
Модар-зан аст. Зан бошад олихаи хусну малохат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханхои мехрбор гуфтаанд:
Хамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавчудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имруз сохае нест, ки дар онхо занхо кор накунанд ва дар чамъияти имруза занхо дар баробари мардхо истода кору мехнат мекунанду мамлакат аз дасти онхо гул мекунад.
Хамаи касбхо хубанд, лекин аз хамааш хам касби омузгориро меписандам, зеро дар оилаи омузгор ба дунё омадаам.
Омузгор! Барои тасвири симои ботини ва зохирии сохиби ин касб калами хеч суханвар ва хеч рассом кудрат надорад, зеро дар чехраи омузгор хатхои ноаёне мавчуданд, ки мухаббати у нисбат ба касбу хонанда ва
ватан акс ёфтаанд. Омузгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошики касби хеш буда, маънии хаёташ хизмат ба мардум аст. У шахсест, дилсузу мехрубон ва хакикатгуву захматкаш мебошад.
Агар замину растанихо аз нури офтоб сабзанд, хонандагон бошанд аз нкри пурмехри омузгор бахра мегиранд, ба куллахои баланди бахту саодат ва орзухо мерасанд. Устод дар дили шогирд машъал меафрузад, барои ба даст овардани бахту толеъ рохи уро мунаввар месозад.
Дар симои чунин модари дилсузу гамхор, устоди азизу мехрубон, ман муаллимаи худро, ки маро мисли фарзандашон дуст медоранду ба ман ва ба хамсабаконам дарси ибратбахш ва тарбияви меомузанд, Бобоева Гулнорахон мебинам. Он кас соли 1998 донишкадаи факултаи забон ва адабиёти рус-и шахри Хучандро хатм намудаанд. Фаъолияти омузгориашонро хамчун муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус аз соли 1998 дар МТУ №33-и н.Б.Гафуров огоз намуда, сипас соли 2002-юм дар гимназияи №3-и ш.Хучанд фаъолияти кориашонро давом доданд. Холо бошад аз соли 2009-ум то инчониб дар яке аз мактабхои бонуфузи шахри Хучанди бостони, гимназияи «Кавсар» кору фаъолият бурда истодаанд. Муаллима хамеша мекушанд, ки мехнаташон самараи хуб ба даст орад, Мо шогирдонашон аз он касс панди судманд мегирем. Новобаста аз чавони ва душворихои ру ба ру омада устоди азизам рухафтода нашуда, аз паи таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Эчодкор хастанду бисёр дарсхояшонро шавковар мегузаронанд. Ба чехраи пурхандаву зебояшон менигарам аз чашмонашон нур меборад, калби бекарорашон мондашавиро хис намекунад. Чунки онкас богбони маърифат ва ошики касби хеш мебошанд.
Аз тарафи он касс дар мактаб бисёр дарсхои кушоди намунавию тарбияви, шахрию вилояти дар сатхи баланд баргузор гардидааст. Вакте ки дар дарси муаллима менишинам, худро дар чое хис мекунам,ки гуё модарам дар наздам истоданду ба ман сабак меомузанд. Оре, он кас барои манн мисли модарам азиз мебошанд, зеро бо хар як шогирдонашон мисли фарзандашон муносибат мекунанд. Хамеша ва дар хама маврид шогирдонашон, яъне фарзандонашонро дастгири мекунанд. Ман хам устоди азизи хешро мисли модарам дуст медорам ва мекушам, ки муаллимаи манн хамеша чехрахандон бошанд
Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан-модар нест, хуши ва рушнои вучуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароги хонадонанд.» Бале, агар модари азизи мо дар хона шамъу чароги хонадони мо бошанд, сипас муаллимаи азизамон дар мактаб, дар синфамон хамчун чароги фурузон ва равшангари дилхои мо-толибилмон мебошанд.
Ман аз чунин омузгоронам мефахрам , шукр аз он мекунам,ки дар давраи истиклолият зисту зиндагони дорам ва ифтихор аз он мекунам, ки дар мактабе ки тахсил дорам, чунин устодони гамхору дилсуз кор мекунанд.
Манн минатдориамро ба хамаи омузгоронам мерасонам ва онхоро бо иди занону модаро ва бонувон табрик намуда, аз сидки дил бахрашон пирузихо, хушихои зиндаги ва ба корхояшон мувафакиятхои беназирро орзумандам. Дар охир харяки муаллимагонамро хамчун зани хоксору халим гуфтаниям, ки:

Читайте также:  Как нарисовать бани из эвер афтер хай

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Хуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо,
Зан набошад, нест дар руи замин накши хаёт-
Дон,ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!

Источник статьи: http://univer.tj/insho/zan-modar-to%D2%B7i-ofarinish/

ТУ МОНАНДИ ЗАМИН ЯКТОӢ МОДАР

Модар сарчашмаи ҳаёт, биҳишти ҷовидон, фариштаи замину осмон, олиҳаи зебоиҳову офтоби дурахшон, нури шӯълаангези хонадон, ноёбтарин неъмати рӯи ҷаҳон, чашмаи хушкнашаванда ва оташи фурӯзоне дар дилу дидаҳои мост. Чашмони модар оинаест, ки роҳи моро дар зиндагӣ мунаввар мегардонад.

Шахси меҳрубону хоксор аст ӯ. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хосса дорад. Орифону фозилон, косибону олимон, парвардаи боғи муаттари модаранд. Ба ифодае на ҳамаи модарон шоиранд, вале чашмонашон ғазали Ҳофизу суханҳояшон Гулистони Саъдиянд!

Шоирону адибон симои воқеии ӯро ба сухан дода, исми некашро то осмонҳо баровардаанд. Бузургию шаҳомати модарро ба назар гирифта ӯро тимсоли Ватан меноманд. Меҳри модар хуршедро монад, ки ба тамоми дунё нур мепошад. Ишқи ӯ чашмаҳои пурҷӯшро монад, ки дашту биёбон, саҳрою марғзори умрро гулистон мекунад. Ӯ боғбонест – боғбони моҳир ва ғамхори фарзандон. Ҳар як ниҳолак бо ҷонаш баробар аст. Ҳаёти хуррами мо фарзандон дар рӯи замин бо хушнудии модарон вобаста аст.

Ту монанди замин танҳои модар,

Ту монанди замин яктоӣ модар.

Модар дар ҳама ҳолат, чӣ ҳозиру чӣ ғоиб, пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзанд осоиши ӯст.

Мутаасифона, на ҳама вақт ба қиммати ин ганҷинаи бузург мерасем. Гоҳо дар дунёи пурҷӯши ҷавонӣ, ба дунёи ишқу ҳавас, заврақ ронда, замоне ба худ меоем, ки шояд ӯ дигар дар ин дунё нест.

Читайте также:  Турецкая баня как называется 6 букв

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад. Модар арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорист.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба шахсияти ин ҷисми латиф эҳтиром гузошта, мададрасону дастгирашон бошем.

Источник статьи: http://journalism.tnu.tj/index.php/makhsuli-donishchujon/577-tu-monandi-zamin-yakto-modar

Шеърхо дар васфи модар

Модар…. чӣ хел калимаи ширин ва дилагез аст. Вақте, ки Модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин якто аст ва муҳабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст.

Як шаба ранҷе, ки Модар кашид

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам.

Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту розӣ дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил кардӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехобӣ кашидӣ, ду ҷуйбори ширатро аз ман дареғ надоштӣ. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дурӣ дилам шикаста аст мисли намози мусофир.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Бале Модар қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳабати беканор, химматбаландтарин шакхси башар аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру чӣ ғоиб пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хело гарон аст;

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,

Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,

Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде,ки қимати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,

Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Читайте также:  Афоризмы цитаты про баню

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст… онҳо хеле бузурганд!

Ҷанннат, ки ризои Модарон аст дар зери қудуми Модарон аст.

Рӯзе як нафар пеши Пайғамбарамон (с.а.с) меояд ва мепурсад :

Эй Расули Худо ба ки ман хушрафторӣ кунам, киро хуб нигоҳ кунаму эҳтиром кунам?

Пайғамбари бузург (с.а.с) мегӯяд: Ба МОДАРАТ.

Вай шахс боз мепурсад, баъд ба ки?

Пайғамбарамон боз мегӯянд ба МОДАРАТ.

Он шахс, дафъаи 3-юм мепурсад

Пайгамбарамон боз ба МОДАРАТ мегӯянд.

Вақте боз мепурсад… Пайгамбари бузург он вақт ба ПАДАРАТ мегӯянд.

Ин бузургии Модарро бинед, ки Пайғамбарамон 3 бор ба МОДАРАТ мегӯянд…

Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Вақте ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар синни 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад.

Як калимаро ба фарзанди 2-3 сола, агар ягон шахси дигар омӯзонад, он фарзанд ба як бору ду бор калимаи вайро аз худ намекунад, зеро он шахси дигар ба ин кӯдак такрор намекунад. Дар ин ҷо бузургии модар маълум мешавад.

Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,

Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.

Азизу беҳтарини ман, модари ман,

Биҳиштӣ дар замини ман, модари ман.

Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама,

Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.

Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,

Қобили сурат шавад обу гиле.

Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,

Ҷунбиши гавҳора ёд аз чархи даввор оварад.

Домани бахт аст аз домони ту,

Дил ба сомон аст аз сомони ту.

Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст,

Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.

Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,

Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон.

Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,

Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,

Намегардад валекин он баробар

Ба ин пурӯувватӣ бо меҳри модар!

Фақат модар ба ҳар гармову сармо,

Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,

Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо,

Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.

Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,

Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.

Агар хоре занад бар пои фарзанд,

Дили модар шавад ғамгин муқаррар.

Барои фикру ёди пурумедаш,

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,

Набошад то ки чашмаш ҳеч гаҳ тар

Ишқам, умедам, хаётам туи, эй модариҷон модарам,

Қалбам, садоям, навоям туи, эй модариҷон модарам.

Ширин забонӣ, дармони ҷонӣ, эй модариҷон модарам,

Танҳо бароям ту меҳрубонӣ, эй модариҷон модарам.

Источник статьи: http://donishju.com/insho/she-rho-dar-vasfi-modar/

Оцените статью
Про баню