Саъдии шерози бани одам аъзои якдигаранд

Бани одам аъзои якдигаранд

АНДЕША. Инсон аз ҳама олитарин мавҷудот дар рӯи замин буда, қадру манзалат ва мақому ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Маҳз соҳиби аклу хирад будани инсон вайро аз мавҷудоти дигар фарқ гузошта, ӯро баландмақом ва соҳибиззат намудааст. Ҳам дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва ҳам дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро мӯътабар шуморида, ба ӯ арзишу ҷойгоҳи олӣ муқаррар шудааст. Чуноне дар моддаи 8-уми Конститутсия омдааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳоои фитрии инсон дахлнопазиранд»[1].

Мавзӯи инсон ва ҷойгоҳи ӯ дар эҷодиёти мутафаккирони гузаштаи тоҷик бисёр хуб инъикос гардидааст. Масалан, Умари Хайём мақому манзалат ва ҷойгоҳи инсонро дар коинот баррасӣ намуда, бовар дорад, ки «мақсуд зи ҷумла офариниш инсон аст». Вақте сухан дар бораи кулли ҷаҳони ҳастӣ меравад, пас инсон мақсад аслӣ ва дар маркази масъалаи офариниш қарор дорад ва тамоми масоили дигар ба ӯ хатм мешавад. Дар ин маврид масъала аз тоҷик будан, тоҷикистонӣ будан, мусулмони ҳанафимазҳаб будан берунтар убур мекунад. Ҷойгоҳи тоҷики тоҷикистонӣ ва мусулмони ҳанафимазҳаб будан ҳифз мешавад, аммо гузашта аз ин, ба шахсияти инсон сарфи назар ба миллату эътиқод ва дигар таалуқоташ назар карда мешавад.

Вақте масъалаи шаъну шарафи инсонӣ ба миён меояд, пас дар чунин ҳолат гуфта намешавад, ки ӯ аз кадом давлат, кадом миллат, пайрави кадом дин, кадом мазҳабу оин, аз кадом оила, кадом маҳаллу минтақа, сарватаманд аст ё фақир, хурд аст ё бузург ва ғайра. Эҳтиром шаъну шарафи инсон дар чунин мавридҳо ҳатмист. Вақте номус, қадр ва шаъну шарафи як фард таҳкир ва ё паст зада мешавад, наметавон гуфт, ки ӯ тоҷик нест, мусулмон нест ва ғ. Чун ӯ инсон аст ва мисли мо арзиши олӣ дорад, ҳақ надорем нисбат ба вай беэҳтиромӣ намоем. Мутаасифона дар дар давраҳои гузаштаи таърихӣ ва ҳатто имрӯз шиорҳои чун «ҳар касе аз мо нест, бар зидди мо аст» чӣ қадар бадбахтиҳои беҳадду канорро ба вуҷуд овардааст. Аз як ҷониб, сабаби зиддиятҳои мазҳабӣ, этникӣ ва байни фарҳангӣ заминаи асосии иқтисодӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, сарчашмаи дигари он носозгории байни ҳуввиятҳо мебошад.

Читайте также:  Рубленная баня ласточкин хвост

Магар А.Гитлер ҷонибдори ин шиор набуд? Ба ғайр аз як нажоди хосс фармон дода буд, дигар халқияту миллатҳоро нобуд созанд. Дар ин асос миллионҳо одамон нобуд карда шуданд. Оё имрӯз ДОИШ низ аз рӯи ин тафриқагузорӣ амал накарда истодааст? Ҳар шахсеро, ки ақидаи онҳоро ҷонибдорӣ ва пайравӣ намекунад, ӯро ба қатл кардан ҳукм менамоянд. Аз ин рӯ онҳо ҳам мусулмонон ва ҳам ғайримусулмононро доранд нобуд мекунанд. Рафторашон ба дини ислом ягон иртиботе надоранд. Чуноне ки Роҳбари кишвар мефармоянд: «. Амалҳои ваҳшиёнаи ин неруҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд»[3]. Дар идеологияи гурӯҳҳои ифротӣ инсон арзиши олӣ надорад. Агар андешаи онҳоро ҷнибдорӣ ва пайравӣ кардед, пас ҷни шумо дар паноҳ мемонад. Ва ғайри он дигарон аз назари онҳо инсон нестанд ва ҳаққи зиндагӣ кардан надоранд. Ба дигарон ба мисли ашё муносибат мекунанд. Чунин нодида гирифтан ва эҳтиром накардани инсон чанд далел дорад:

— якум, маърифати нокомил нисбати инсон (аз рӯи нодонӣ), ки инсон олитарин ва боарзиштарин мавҷудот аст;

— дуввум, арзиши олӣ ва соҳиби шараф будани инсонро қабул надоранд;

— севвум, қавму миллати худро аз дигарон бартар ва болотар меҳисобанд.

Дар шароити имрӯзаи низоми демократӣ, Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тамоми заминаеро фароҳам кардааст, то ҳамаи инсонҳо сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ аз ҳуқуқу озодиҳо ба таври баробар бархӯрдор бошанд. Дар ин бора дар моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: «Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробари қуқуқӣ ҳақ доранд. Ҳамаи одамон дар муқобили ҳар гуна табъиде, ки хилофи хамин Эъломия мебошад ва таҳдиди табъиз аз ҷонибе, ки набошад, ба ҳимояи баробар ҳақ доранд» [3]. Яъне, шаъну шараф ва обрӯву эътибори инсон дар қонунгузории кишвар нуктаи муҳим ба шумор меравад ва давлат онро ҳамаҷониба ҳимоя менамояд.

Гузаштагони мардуми тоҷику форс ҳанӯз ҳазорсол қабл бо ҳам пайванд ва баробару як узв будани инсонро дарк намудаанд. Чи тавре, ки мутафаккири барҷастаи форсу-тоҷик Саъдии Шерозӣ бисёр хуб фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Чунин маънову моҳияти баланди гуманистӣ доштани андешаҳои ин донишманди барҷаста аз он далолат медиҳад, ки он мисраҳо алҳол дар пештоқи бинои бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ — Созмони миллали Муттаҳид овеза кардаанд. Зеро, Саъдии Шерозӣ дар ин ҷо бани инсонро новобаста аз миллат, дин, забон, ҷинсият, мақоми иҷтимоӣ дар як радиф гузоштааст. Агар ӯ хос ба як миллату фарҳанг он андешаҳоро марбут медонист, пас он андешаҳо соҳиби чунин арзиши баланд пайдо карда наметавонист. ӯ ба масъалаи гуманизм фарохтар аз дину миллат назар мекунад ва тамоми инсонҳоро дар як радиф мегузорад. Агар барои ту шарафу номус, молу мулк, обрӯву эътибор азиз аст, пас бидон, ки арзишҳои мазкур барои инсонҳои дигар низ муққадас мебошад. Ё дар ҷои дигар С. Шерозӣ фармудааст, ки «он чи бар нафси хеш мапсандӣ, бар нафси дигари низ мапсанд». Он рафтору кирдор ва амале, ки барои худат намеписандӣ, барои нафари дигар низ мапсанд. Ҳамон чизе, ки бароят азизу муқаддас ва мӯътабар аст, барои дигарон низ он азиз аст. Фиреби як нафар бароят писанд наояд, пас худат низ дигареро фиреб мадеҳ. Модару ватан барои ту азиз бошад, модару ватани шахси дигареро таҳқир макун.

Дар ҳаёти ҷомеа бисёр низоъҳо маҳз аз сабаби аз тарафи як шахс ё гурӯҳ эҳтиром накардан ва олитар ҳисобидани хештан нисбат ба дигарон сар мезанад.

Вақте роҳбари ягон созмону ташкилот гоҳо бо эҳсоси он, ки сарвар аст, нисбат ба дигарон салоҳияти бештар дорад, обрӯву шаъну шарафи зердастони худро паст мезанад ё онҳоро эҳтиром намекунад, ки дар натиҷа чунин ҳолат сабаби низоъ ва бадбинӣ гардида, боиси вайрон шудани муносибат дар он муассиса ва қафоравии фаъолият мегардад.

Гоҳо дар вақти дарс муаллим нисбати донишҷӯе, ки шояд ба дарс беомодагӣ ҳозир шудааст, суханони паст гуфта, обрӯву эътибори ӯро дар назди ҳамсабақонаш паст мекунад. Чунин ҳолат на танҳо сабаби беҳтар шудани муносибати донишҷӯ нисбати таълим мегардад, балки бадбинии ӯ ба дарс ва муаллим меафзояд. Фаразан агар донишҷӯ ба дарс беомодагӣ ҳозир шуда бошад, пас оё муаллим ҳаққи паст задани обрӯву эътибори донишҷӯро дар байни дигарон дорад? Ё роҳи хубтар барои адаби ӯ вуҷуд дорад? Ба андешаи мо вазифаи муаллим ҳамчун тарбиятгар барои донишҷӯ пеш аз ҳама намуна будан дар рафтору муносибати инсонӣ буда, бо роҳи дуруст адаб додан, тарбия намудани онҳо аз омӯзгор маҳорати баландро талаб менамояд.

Мутаасифона, ҳолати ташвишовар дар ҷомеаи имрӯза, ин бо лаҳни қабеҳ, бо тарзи ҳақоратомез ва бо истифодаи ҳар гуна ибораҳои нозеб рафтор намудани баъзе ҷавонписарон бо ҷавондухтарон мебошад. Яъне, беэҳтироми нисбати занону духтарон ва муносибати дағалона бо онҳо таъсири манфии худро ба таълиму тарбияи фарзандон, вазъи оилаҳои ҷавон ва фарҳангу ахлоқи ҷомеа гузошта истодааст. Ин ҷавонон бо чунин тарзи муомилаву муносибат бок адом виҷдон аз бузургони худ ба мисли Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Абӯ Алӣ Ибни Сино ва дигар нобиғаҳо миллати тоҷик ифтихор карда метавонанд? Мутафаккирони тоҷик бо эҷоди осори бузурги маънавию моддӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми худро гузоштанд ва имрӯз баъзе наберагони онҳо дар паст кардан ахлоқу одоб, фарҳанги муошират саҳмгузорӣ доранд. Чунин тарзи рафтору кирдор дар рӯ ба рӯи тамому талошҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафти илму маориф, фарҳанги миллӣ, магар шармандагӣ ва беэҳтиромӣ ҳисоб намешавад?!

Чуноне ки дар Консепсияи милли тарбия омадааст: «Башардӯст будани инсон ва шаҳрванд дар муносибат ба волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон, ёру дӯстон, ашхоси ношинос, намояндагони халқу миллатҳои ғайр зуҳур меёбад». Ҳар нафар дар кадом мавқеи иҷтимоӣ қарор надошта бошад лозим аст, аз рӯи башардӯстӣ (гумманизм) ба дигарон рафтор намояд. Муҳим нест, ки наздикони шумо кӣ ҳастанд, муҳим бо онҳо аз рӯи эҳтиром, на таҳқиру паст кардан шарафу эътибор рафтор кард.

Як ҷавон нисбати падару модар, ҳамдарсон, омӯзгорон, дӯсту рафиқон, хешу табор, ҳамсоягон ва ашхоси дигар агар хизмат арзанда ба ҷо наоварда бошад, пас ҳадди ақал аз рӯи принсипи башардӯстӣ муносибат намояд. Аз рӯи принсипи башардӯстӣ муносибат кардан, ин бо сухану рафтори зараровар, хафакунанда, таҳқиркунанда муносибат накардан аст. Яъне, ба мисли инсон бояд муносибат кард. Ба қавли Саъдии Шерозӣ инсон ва ё худ одамӣ аз рӯи меъёри зерин муайян мешавад:

Одамият чист, худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Инсони башардӯст бо дурӣ ҷустан аз зарару зиён расонидан ба шахси дигар ва бо нияту мақсад нек муносибат менамояд.

Қонуни дунё тарзе бано шудааст, ки ҳар амалу рафтори мо дер ё зуд ба худамон бармегардад. Агар хоҳед, ки дигарон ба Шумо сухан бад нагӯянд, пас ба дигарон сухани бад нагӯед. Чуноне ки омадааст: рӯзе як ҷавон ҳамроҳи падараш ба кӯҳ меравад. Ногаҳ пояш ба санге бармехӯрад ва аз дарди он овоз баланд мекунад ва ҳамон овозаш аз тарафи дигар ба худаш бармегардад. Ҷавон ҳайрон мешавад. Аз падараш мепурсад: Оё дар ин ҷо касе ҳаст, ки ба ман ҷавоб мегӯяд ва айни ҳамон садоямро бармегардонад. Падараш ҷавоб медиҳад: Касе нест он кӯҳ акси садои туро бармегардонад. Зиндагӣ низ мисли кӯҳ аст, ту чи тавр рафтор кунӣ ба ту ҳамон гуна муносибат мекунанд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ «ин ҷаҳон кӯҳ аст, феъли мо нидо, сӯи мо ояд нидоҳоро садо».

Муносибати нек ба башардӯстона бо дигарон қарзи инсонӣ, шаҳрвандӣ ва имонии ҳар нафар буда, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи мақому шарафи дигарон чун инсон рафтору муносибат намоем.

АДАБИЁТ:

  1. Суханронии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид. Суроғаи эл.: http://www.prezident.tj/node/16227 .
  2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2015.
  3. Эълоимияи ҳуқуқи башар. — Душанбе, 1999.

Шӯҳрат САИДОВ, раиси шӯрои олимони ҷавони ДДҲБСТ.

Бознашр аз китоби «Ҷавонон — пайрави Эмомалӣ Раҳмон»

Источник статьи: http://www.hhdtkhatlon.tj/node/1453

Саъдии Шерози (1184-1292)

Саъдии Шерози
(1184-1292)

Асарҳои Саъдӣ хазинаи суханҳои пурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист.

Муслиҳидцин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар Шероз ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод хондааст.

Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт. Ӯ дар бисёр шаҳрҳои Ирону Арабистон буда, ҳангоми сафар бо одамон ошно шуда, бо онҳо сӯҳбат мекард ва аз тарзи зисти онҳо огоҳӣ меёфт.

Зиндагии мардумонро саросар омӯхта, пасон ду асари машҳури худ – «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро навиштааст.

«Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ саршори панду ахлоқ аст. Ин худ як мактаби тарбия буда, дар ҳама давру замон ба мардумони олам панди рӯзгор додааст.

Шайх Саъдӣ боз ғазалу таронаи бешумор ҳам навиштааст.

Саъдии Шерозӣ умри дароз дидааст, аз сад ҳам гузашта, соли 1292 аз олам даргузаштааст.

Шайх Саъдӣ бо «Гулистон» ва «Бустон»-и худ ҳамеша бо мардуми некхоҳи олам аст.

ХИРАДИ НУШЕРВОНИ ОДИЛ

Овардаанд, ки Нӯшервони Одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданд ва намак набуд. Ғуломе ба русто 1 фиристод, то намак орад. Нӯшервон гуфт:

  • Намак ба қиммат биситон 2 , то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.
  • Аз ин қадар чӣ халал ояд?
  • Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад, бар ӯ мазиде (илова) кард, то бад-ин ғоят расид.

Агар зи боги раият малик хӯрад себе,

Бароваранд гуломони ӯ дарахт аз бех.

Ба панҷ байза 3 , ки султон ситам раво дорад,

Зананд лашкариёнаш ҳазор мург ба сих.

Дарвеше мустаҷобудцаъват (одаме, ки дуояш аз ҷониби Худо қабул шавад) дар Багдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро 4 хабар карданд. Бихондаш ва гуфт:

  • Дуои хайре бар ман бикун.
  • Аз баҳри Худо, ин чӣ дуост?
  • Дуои хайр аст туро ва ҷумлаи мусулмононро. То ту аз азоби Ҳақ ва халқ аз балои ту бираҳанд.

Эӣ забардасти зердастозор,

Гарм то каӣ бимонад ин бозор?

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омухт ва дигаре мол андухт. Оқибатуламр 5 , он яке алломаи 6 аср гашт ва ин яке Азизи Миср 7 шуд.

Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи илми Ислом) назар кардӣ ва гуфт:

  • Ман ба ин салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат (бечорагй) бимондааст.

– Эӣ бародар, шукри неъмати борӣ 8 ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавн ва Ҳомон 9 , яъне мулки Миср.

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд, На занбӯрам, ки аз дастам биноланд. Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам, Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Макбараи Саъдӣ дар Шероз

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР!

Ҳакиме писаронро панд медод:

– Эӣ ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки ба мулку давлати дунё эътимод нест. Симу зар дар сафар маҳалли хатар аст: ё дузд ба якбора барад, ё хоҷа ба тафориқ бихурад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда 10 аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Вақте афтод фитнае дар Шом,

Ҳар кас аз гушае фаро рафтанд.

Ба вазирӣ подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл,

Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

Подшоҳе писар ба мактаб дод,

Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:

«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»

Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,

К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

Ду дарвеши хуросонӣ сафар карданд: Яке заиф буд, ки ҳар шаб ифтори 1 рӯза мекард ва дигаре қавӣ, ки рӯзе се бор мехурд. Қазоро 2 бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд ва ҳар дуро ба хонае карданду дар ба гил бароварданд 3 . Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд. Қавиро диданд, мурда, заиф ҷон ба саломат бурда. Дар аҷаб монданд^ Ҳакиме гуфт: – «Хилофи ин аҷаб мебуд. Он яке бисёрхор (пурхӯр) буд, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд ва дигар хештандор буд, лоҷарам 4 бар одати хештан сабр карду ба саломат бимонд»:

Чун кам хурдан табиат шуд касеро,

Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.

В-агар танпарвар аст андар фарохӣ,

Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад!

ЧАШМИ ТАНГИ ДУНЁДОР

Бозаргонеро 1 дидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаву хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи худ даровард. Ҳама шаб наёромид аз суханҳои парешон гуфтан: «Фалон анборам дар Туркистон аст ва фалон бизоат ба Ҳиндустон ва ин қаболаи 2 фалон замин аст ва фалон чизро фалон кас зомин».

– Хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст.

  • На, ки дарёи Мағриб (баҳри Миёназамин) мушавваш аст. Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст, агар он карда шавад, бақияи умри худ ба гушае бинишинам ва тарки тиҷорат кунам.

Гугирди порсӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки шунидам қиммати азим дорад ва аз он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам. Ва дебои румӣ ба Ҳинд. Ва фулоди ҳиндӣ ба Ҳалаб. Ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман. Ва бурди яманӣ ба Порс ва аз он пас тарки сафар кунам ва ба дуконе бинишинам.

Инсоф 3 , аз ин молихулиё (хаёлҳои хом) чандон фурӯ гуфт, ки беш тоқати гуфтанаш намонд. Сипас гуфт:

  • Эӣ Саъдй, ту ҳам сухане бигӯй, аз онҳо, ки дидаӣ ва шунидаӣ!

Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Ғур,

Борсолоре 4 бияфтод аз сутур 5 .

Гуфт: «Чашми танги дунёдорро,

Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!»

Ду бародар, яке хидмати султон кардӣ ва дигар бо зӯри бозу нон хӯрдӣ. Боре бародари тавонгар ба бародари дарвеш гуфт:

  • Чаро хидмати подшоҳ накунй, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?

Бародари дарвеш гуфт:

  • Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати хидмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хӯрдану нишастан, беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан».

Ба даст оҳаки тафта 1 кардан хамир,

Беҳ аз даст бар сина пеши амир.

Умри гаронмоя 2 дар ин сарф шуд:

То чӣ хурам сайфу 3 чӣ пушам шито 4 ?

Эӣ шикамхора, ба ноне бисоз,

То накунӣ пушт ба хидмат дуто 5 !

ДАРВЕШИ ҲОҶАТМАНД
ВА ТУНДРУИ ДАВЛАТМАНД

Дарвешеро зарурат пеш омад. Касе гуфт:

  • Фалон неъмате дорад беқиёс. (Молу пули фалон кас беҳисоб аст). Агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно дар қазои он тавақкуф раво надорад. (Яъне ба ту ёрӣ расонад).

Дасташ гирифт, то ба манзили он шахс даровард. Якеро дид лаб фуруҳишта ва тунд нишаста. Баргашт ва сухан нагуфт. Касе гуфташ:

  • Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам.

Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй,

Ки аз хӯи бадаш фарсуда гардӣ.

Агар гӯӣ гами дил, бо касе гӯй,

Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ.

  1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд овардани мол!
  2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: «Некбахт он, ки хурду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).
  3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он, ки мол андухту нахурд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,

Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

На муҳаққиқ 1 бувад, на донишманд,

Чорпое, ки бар у китобе чанд!

Он тиҳимагзро 2 чӣ илму хабар,

Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

  1. Олими парҳезгор – курест машъалдор!
  2. Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт.

Чизе нахариду зар биандохт.

  1. Раҳм овардан бар бадон – ситам аст бар некон ва авф кардан аз золимон – ҷабр аст бар мазлумон.
  2. Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад 3 .

Бишӯй, эӣ хирадманд, аз он дӯст даст,

Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

  1. Сухан дар миёни ду душман чунон гӯй, ки агар дӯст шаванд шармзада набошӣ!

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

  1. Якеро гуфтанд:
  • Олими беамал ба чӣ монанд?

Занбури дурушти бемурувватро гӯй:

“Боре, чу асал намедиҳӣ, неш мазан!”

Ҳар кӣ илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наафшонд.

Калимаю иборахои тоза

  1. Муҳаққиқ – таҳқиқкунанда, олим.
  2. Тихимағз – ба маънои бедониш, бефарҳанг.
  3. Сари озори дӯстон дорад – мақсади дустонро озор додан, аз худ ҷудо
  1. Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш,

Ба таҳсини нодону пиндори хеш! 1

Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонад, кӣ доност,ё бидонад, кӣ нодон аст.

  1. Ҳар кӣ бо бадон нишинад – некӣ набинад.
  2. На ҳар кӣ ба сурат некуст, сирати зебо дар ӯст. Кор дарун дорад на пӯст.

Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,

Ки то куҷояш расидааст, пойгоҳи улум 2 .

Вале зи ботинаш эмин мабошу гарра машав,

Ки хубси нафс 3 нагардад ба солҳо маьлум.

  1. Ҳар киро, ки душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст.

Санг бар дасту мор бар сари санг,

Хирароӣ бувад қиёсу даранг 4 .

  1. Ҷавонмарде, ки бихӯрад ва бидиҳад, беҳ аз обиде 5 , ки рӯза дораду надиҳад.
  2. Андак-андак хеле шавад, қдтра-кдтра селе гардад. Яъне онон, ки дасти қудрат надоранд, санги хӯрда нигоҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд.
  3. Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дӯстӣ намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмане қавӣ гардад. Ва гуфтаанд, ки бар дустии дустон эътимод нест. Ҳар кӣ душмани кӯчакро ҳақир шуморад, бадон монад, ки оташи андакро мӯҳмал 6 гузорад.

Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,

К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Магзор, ки зеҳ кунад камонро!

Душман чу ба тир метавон духт.

  1. Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош!

То надорад душмани хунхор гӯш.

Пеши девор он чӣ гӯӣ, ҳуш дор!

То набошад дар паси девор гуш.

САЪДӢ ВА ПОДШОҲИ НОИНСОФ

Мӯътакиф 1 будам дар Димишқ, ки яке аз мулуки араб, ки ба беинсофӣ мансуб буд, иттифоқан ба зиёрат омаду намоз кард ва ҳоҷат хост.

Он гоҳ маро гуфт:

  • Аз он ҷо, ки ҳиммати дарвешон аст ва сидқи муомилати эшон, хотире ҳамроҳи ман кунед, 2 ки аз душмани саъб 3 андешанокам.
  • Ба раияти заиф 4 раҳмат кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинй!

Ба бозувони тавонову қуввати сари даст, Хатост панҷаи мискини нотавон бишкаст.

Ҳар он, ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт, Димоги беҳуда пухта, хаёли ботил 5 баст.

Зи гуш пунба берун ору доди халқ бидеҳ 6 ,

В-гар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст!

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон бегами,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир 7 ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳат 8 ва истеҳкор 9 дар ӯ назар кард. Писар ба фаросат ва истибсор 10 ба ҷоӣ овард ва гуфт:

  • Эӣ падар, кӯтоҳи хирадманд беҳ, ки нодони баланд. На ҳар чӣ ба қомат меҳтар 11 , ба қимат беҳтар!

Он шунидӣ, ки логарӣ доно,

Гуфт боре ба аблаҳи фарбеҳ:

«Аспи тозӣ агар заиф бувад,

Ҳамчунон аз тавилаи хар беҳ».

Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.

То мард сухан нагуфта боигад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта’ 2 бошад.

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта боигад.

Шунидам маликро дар он қурб 13 душмани саъб рӯӣ намуд. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯӣ дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:

Он на ман богиам, ки ррзи ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!

В-он, гси ҷанг орад ба хуни хеш бозӣ мекунад,

Рӯзи майдон в-он, ки бигрезад ба хуни лашкаре.

Ин бигуфту ба сипоҳи душман зад ва тани чанд мардони корӣ биандохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибӯсиду гуфт:

Эй, ки шахси манат ҳақир намуд,

То дуруштӣ ҳунар напиндорӣ.

Аспи логармиён ба кор ояд,

Рӯзи майдон, на гови парворӣ 14 .

Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буду инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд, писар наърае заду гуфт:

  • Эӣ мардон, бикӯшед. то ҷомаи занон напушед!

Саворонро ба гуфтани ӯ таҳаввур 15 зиёдат гашт ва ба як бор

ҳамла бурданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафар

ёфтанд. Малик (он писарро) сару чашмаш бибӯсиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назар беш кард, то валиаҳди 16 ҳеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таомаш карданд.

Хоҳараш аз ғурфа 17 бидид, дарича ба ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом бозкашиду ғуфт:

– Маҳол аст, агар ҳунарманд бимирад ва беҳунар ҷои ӯ бигирад.

Овардаанд, ки булбуле дар боге бар шохе ошён 1 сохт ва барои чандрӯзае мақом маскане 2 пардохт 3 .

Булбул шабу рӯз дар гулистон дар парвоз омада ва барбати 4 нағмоти 5 дилфиреб дар овоз оварда. Мур ба ҷамъи нафақоти 6 лайлу наҳор 7 машғул гардида ва ҳазордастон 8 дар чаману боғ ба овози хуш ғарра гашта.

Булбул бо шохи гул рамзе мегуфт 9 ва боди сабо дар миён гамзе 10 мекард. Чун он мӯри заиф нози гулу ниёзи булбул мушоҳида менамуд, ба забони ҳол мегуфт:

  • Аз ин қилу қол 11 чӣ кушоянд?

Чун фасли баҳор рафт ва мавсими хазон даромад, хор ҷои гулро гирифт ва зог дар мақоми булбул нузул кард 12 . Боди хазон дар вазидан омад ва барги дарахт резидан гирифт. Рухсораи барг зард шуд ва нафаси ҳаво сард ғашт. Аз қиллаи абр дурр мерехт ва аз ғирболи ҳаво кофур мебехт.

Ногоҳ булбул дар бог омад, на гул дид ва на бӯи сунбул шунид. Забонаш бо ҳазор достон лол бимонд. На гул, ки ҷамоли ӯ бинад ва на сабза, ки дар камоли у нигарад. Аз бебаргӣ тоқаташ тоқ шуд ва бенавоӣ аз наво фурӯ монд. Ба ёдаш омад, ки на охиррӯзе мӯре дар зери ин дарахт хона дошт ва донае ҷамъ мекард, имруз ҳоҷат бар ӯ барам ва чизе талаб кунам.

Булбул – гуруснаи дируза, пеши мӯр ба дарйӯза 13 рафт ва гуфт:

  • Эӣ азиз, саховат нишони бахтиёрӣ аст ва сармояи комгорӣ 14 . Ман умри азизи худро ба ғафлат мегузоштам ва ту зиракӣ мекардӣ ва захира меандохтӣ. Чӣ шавад, ки имруз насибе аз он каромат кунӣ?

Ту шабу рӯз дар қол будӣ на дар ҳол. Ту лаҳзае дар таровати гул машғул будӣ ва даме наззораи баҳор, намедонистй, ки ҳар баҳореро хазоне ва ҳар роҳро поёне бошад

ПОДШОҲ ВА ҒУЛОМИ АҶАМӢ

Подшоҳе бо ғуломи аҷамӣ (эронй) дар киштӣ нишаст. Ғулом ҳаргиз дарё надида буд ва меҳнати (азоби) киштӣ наозмуда. Гиряву зорӣ огоз кард ва ларза бар андомаш (вуҷудаш) афтод. Чандон, ки мулотифат карданд (дилдорӣ доданд), ором нагирифт. Айши малик аз ӯ мунағғас шуд (кайфаш парид). Чорае надонистанд.

Ҳакиме дар он киштӣ буд, ба малик гуфт:

  • Агар фармон диҳй, ман уро ба тариқе хомӯш мегардонам.
  • Ғояти (ниҳояти) лутфу карам мешавад.

Ҳаким фармуд, то ғуломро ба дарё’ андохтанд. Боре чанд ғӯта хӯрд. Пас аз мӯяш гирифтанду пенш киштӣ оварданд. Ғулом ба ҳар ду даст дар суккони киштӣ овехт (ба рули киштӣ часпид). Чун (аз об) баромад, ба гӯшае бинишаст ва ором ёфт.

Малик ҳайрон шуд ва пурсид:

  • Дар ин ҷо чӣ ҳикмат буд?
  • Аввал меҳнати ғарқ шуданро начашида буд ва қадри саломати киштиро намедонист. Қадри офият (тандурустй) касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

Подшоҳеро шунидам, ки ба куштани асире ишорат кард. Асири бечора дар ҳолати ноумедӣ подшоҳро дашном додан гирифт ва сақат (бад) гуфтан. Гуфтанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишуяд (аз ҷони худ умедашро канад), ҳар чӣ дар дил дорад, бигуяд».

Вақти зарурат намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

Подшоҳ пурсид, ки:

Яке аз вазирони некмазҳар (покдил) гуфт:

  • Эй, худованд, мегӯяд: «Касоне, ки хашми худро фурӯ менишонад, гуноҳи касонро мебахшанд».

Подшоҳ (ба ҳоли ӯ) раҳм кард ва аз хуни ӯ гузашт.

Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт:

  • Абнои ҷинси моро нашояд (ба тоифаи мо – вазирон раво нест) дар ҳузури подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин подшоҳро дашном дод ва носазо гуфт.

Подшоҳ рӯӣ аз ин сухан дарҳам кашид ва гуфт:

  • Маро дуруг писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтй. Мақсади он дар маслиҳате буд ва бинои (асоси) ин бар хубсе (бадӣ ва палидӣ). Ҳукамо гуфтаанд: «Дуруги маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез».

БА МАН ЗАҲМАТ МАДЕҲ

Дарвеше танҳо дар гӯшаи саҳро нишаста буд. Подшоҳе ба ӯ (аз пеши ӯ) бигузашт. Дарвеш аз он ҷо, ки фароғи мулки қаноат аст сар бар наёвард ва илтифот накард. Султон аз он ҷо, ки сатвати (шукӯҳ) салтанат аст, биранҷид ва гуфт:

  • Ин тоифаи хирқапушон (дарвешон) мисоли ҳайвонанд ва ахдияту одамият надоранд.

Вазир наздаш омад ва гуфт:

  • Эӣ дарвеш, султони рӯи замин бар ту гузар кард, чаро хизмат накардӣ ва шарти адаб ба ҷо наовардӣ?
  • Султонро бигӯ, аз касе хизмат умед дошта бош, ки аз ту (яъне аз подшоҳ) умеди неъмат дорад ва дигар бидон, ки: «Мулк (подшоҳон) аз баҳри поси (муҳофизати) раийятанд, на раийят (фуқаро) аз баҳри тоати (хизмати) мулук».

Подшоҳ посбони дарвеш аст,

Гарчӣ неъмат ба фарри давлати ӯст.

Гӯсфанд аз барои чупон нест,

Балки чӯпон барои хизмати ӯст.

Маликро гуфти дарвеш устувор омад (маъқул шуд) ва гуфт:

  • Он мехоҳам, ки дигар бор ба ман заҳмат надихД.

Пиёдае сару по бараҳна бо корвони Ҳиҷоз аз (шаҳри) Куфа ҳамроҳи мо шуд. Маблағе, чизе надошт. Хиромон ҳамерафт ва мегуфт:

На ба уштуре саворам,

На чу хар ба зери борам.

На худованди раийят,

На гуломи шаҳриёрам.

Гами мавҷуди парешонии мардум надорам,

Нафас мезанам осудаву умре ба сар орам.

  • Эӣ дарвеш, куҷо меравӣ баргард, ки ба сахтӣ мемирй. Нашунид ва қадам дар биёбон ниҳод. Чун ба (мавзеи) Нахлаи

Маҳмуд расидем, тавонгарро аҷал фаро расид. Дарвеш ба болинаш омад ва гуфт:

АДАБ АЗ КӢ ОМУХТИ?

Луқмони Ҳакимро гуфтаанд:

  • Аз беадабон: ҳар чӣ аз онҳо дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.

КАМ ХӮРДАН АДАБ АСТ

Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом мехӯрд ва то саҳар хатме мекард. Соҳибдиле бишнид ва гуфт:

  • Агар ним ноне мехӯрду мехобид, бисёр аз ин фозилтар мебуд.

Андарун аэ таом холӣ дор,

То дар у нури маърифат бинӣ.

Ҳотами Тойро гуфтанд:

  • Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон касеро дидаӣ ё шунидай?
  • Бале, рӯзе ба амирони араб чиҳил шутур қурбон карда будам.

Пас ба гушаи саҳро ба ҳоҷате бурун рафтам (барои коре ба саҳро баромадам). Хорканеро дидам, ки пуштае хор фароҳам оварда (ҷамъ кардааст). Гуфтамаш:

  • «Ба меҳмонии Ҳотам чаро намеравй, ки халқе бар симоти (дастархони) ӯ гирд омадаанд?»

Ҳар кӣ нон аэ амали хеш хӯрад,

Миннати Ҳотами Тоӣ набарад.

Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар (баландтар) дидам.

ДАҲОНИ ПУШИДА ҲАЮР ТИЛЛО

Бозоргоне ҳазор динор зарар дид ва ба писараш гуфт:

  • Набояд, ки бо касе ин суханро дар миён ниҳӣ (набояд ин суханро ба касе бигуӣ).
  • Эӣ падар, фармон турост, нагуям (ба касе нагӯям), лекин маро ба фоидаи ин муталеъ (огоҳ) гардон, ки маслиҳат дар ниҳон допгган чист?
  • То мусибат ду нашавад: яке нуқсони моя (кам шудани сармоя) ва дигар шамомати (маломати) ҳамсоя.

Магу андуҳи хеш бо душманон,

Ки «лоҳавл» гӯянд шодикунон.

ҶАВОНИ ДОНИШМАНД

Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил ҳаззи вофир допгг ва табъи нофир (аз донишҳои гуногун маълумоти зиёд допгг ва аз бисёр гап задан нафрат мекард). Чандон, ки дар маҳофили донишманд нишастӣ (ҳар қадар дар маҷлисҳои донишмандон менишаст) забон аз сухан бибастӣ (гап намезад).

Боре падараш гуфт:

  • Эӣ писар, ту низ он чӣ медонӣ, бигуй!
  • Тарсам, ки бипурсандам аз он чӣ намедонам ва шармсорӣ барам (метарсам он чиро, ки намедонам пурсида шармандаам кунанд).

Ногуфта надорад касе бо ту кор,

Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!

АГАР ДОНО МЕБУД

Ҷолинус аблаҳеро дид, ки даст дар гиребони донишманде зада, беҳурматӣ мекунад. Гуфт:

  • Агар ин доно мебуд, кори вай бо нодон ба ин ҷо намерасид.

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷуяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд муе,

Ҳамедун саркашу в-озармҷӯе.

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад, бигсилонанд.

Яке дар масҷиди Санҷор барои савоб бонги намоз (азон) мегуфт, ба тарзе, ки шунавандагон аз ӯ нафрат мекарданд. Соҳиби масҷид амире буд одил ва нексиришт. Намехост, ки муаззин дилозурда гардад. Гуфт:

  • Эӣ ҷавонмард, ин масҷид муаззинони қадим дорад. Ҳар якеро панҷ динор мураттаб допггаам (маош қарор додаам). Туро даҳ динор медиҳам, то ҷои дигар равӣ.

Бар ин қавл иттифоқ карданд ва (ӯ) бирафт.

Пас аз муддате дар гузаре (дар сари роҳе) пеши амир боз омад ва гуфт:

  • Эӣ худованд (хуҷаин), бар ман ҳайф кардӣ (дар ҳаққи ман ҷабр кардӣ, ки ба даҳ динорам аз он буқъа (масҷид), бадар кардӣ. Он ҷо ки рафтаам, бист динор медиҳанд то ба ҷои дигар равам (лекин ман) қабул намекунам.

Амир аз ханда бехуд гашт ва гуфт:

  • Зинҳор наситон (нагир), ки ба панҷоҳ динор розӣ мегарданд. БАЙТ

Ба теша кас нахарошад зи руи хоро гил,

Чунон, ки бонги дурушти ту мехарошад дил.

Рӯзе ба гуруру ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт:

  • Магар хурдиатро фаромӯш кардӣ, ки дурушти мекунӣ?

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,

Чу дидаш палангафкану пилтан:

«Гар аз аҳди хурдет ёд омадӣ,

Ки бечора будӣ дар овуши ман.

Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,

Ки ту шермардию ман пиразан».

Араби саҳроиеро дидам, ба писари худ мегуфт:

  • Туро хоҳанд пурсид, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падарат кист?

Писареро падар насиҳат кард,

К-«Эӣ ҷавонмард, ёд гир ин панд.

Ҳар ки бо аҳди худ вафо накунад,

Нашавад дӯстрӯю донишманд».

ПАҲЛАВОНИ ТАРСОНЧАК

Соле аз Балх ба Бомиён сафар мекардам ва роҳ аз ҳаромиён (дуздон) пурхатар. Ҷавоне ба бадрақа (барои роҳнамоӣ) ҳамроҳи мо шуд; сипарбоз, чархандоз (тирандоз) ва пилзур, ки даҳ марди тавоно зеҳи камони ӯро кашида рӯи замин пушти ӯро зада наметавонист. Лекин нозпарвард буд, на ҷаҳондидаву сафаркарда. Раъди кӯси (овози нақораи) диловарон ба гушаш нарасида ва барқи шамшери саворон надида (буд).

На афтода дар дасти душман асир,

Ба гирдаш на борида борони тир.

Иттифоқо ману ин ҷавон ҳар ду дар паи ҳам давон будем. Ҳар девори қадим, ки ба пешаш мебаромад, ба қуввати бозу меафканд ва ҳар дарахти азим, ки медид, ба зӯри сарпанҷа аз бех меканд ва фахркунон мегуфт:

Пил ку, то китфу бозуи гурдон бинад?

Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?

Мо дар ин ҳолат (будем), ки ду ҳинду аз паси санге сар бароварданд ва оҳанги қитоли (қасди куштани) мо карданд. Дар дасти яке чӯбе ва дар бағали дигаре кулухкӯбе буд. Ба ҷавон гуфтам:

– Чӣ поӣ (ба чӣ нигоҳ карда истодй)?

Бисёр он чӣ дорӣ зи мардию зррӣ,

Ки душман ба пои худ омад ба гӯре.

Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтода ва баданаш ба ларза даромада.

Чорае ҷуз он надидем, ки либосу силоҳу ҷома раҳо кардем (кашида додем) ва ҷон ба саломат бурдем.

Источник статьи: http://allinweb.ru/adabiyot/13314/

Оцените статью
Про баню